Ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунем, агар...
Автор: Аsia-Plus TV
Загружено: 2026-03-07
Просмотров: 4354
Описание:
❗️Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳур ва узви Шӯрои муваққати раҳбарии Эрон гуфт, ки тасмим гирифтаанд, дигар ба кишварҳои ҳамсояашон ҳамла накунанд, агар аз хоки онҳо ба Эрон ҳамла сурат нагирад.
Дар чанд рӯзи гузашта Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба хокаш, аз ҷумла пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои Халиҷи Форсро низ ҳадаф қарор дод.
Пизишкиён соате пеш дар як паёми телевизионӣ изҳор дошт, ки тасмими қатъи ҳамла ба кишварҳои ҳамсояи Эрон рӯзи гузашта дар Шӯрои муваққати раҳбарии ин кишвар гирифта шудааст. Ӯ аз кишварҳои ҳамсояи Эрон, ки мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, узрхоҳӣ карда, изҳор дошт, ки ин мавзуъ бояд бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад.
“Агар мо ихтилофе дорем, беҳтар аст бо ҳам онро ҳал кунем, аммо бозичаи дасти Амрикову Исроил нашавем”, - илова кардааст Пизишкиён.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: