Чӣ гуна мо модаронро шод гардонидем?
Автор: Аsia-Plus TV
Загружено: 2026-03-06
Просмотров: 2641
Описание:
Чун анъана автобуси идона мусофиронро аз истгоҳи “Роҳи оҳан” мегирад. То расидани автобус аллакай даҳҳо тан бонувон моро интизор буданд. Занону бонувон бесаброна ҳамасола иқдоми моро интизоранд - чун на танҳо соҳиби тӯҳфаҳо, балки як руҳияи идона мешаванд.
Автобуси “Модарони мо” дар хатсайри №3 - тавассути хиёбони Рӯдакӣ аз “Роҳи оҳан” то “Корхонаи семент” ва баръакс ҳаракат кард.
Мусофирони автобуси мо - садҳо гулдухтарон, занону модарон ва бибиён гардиданд. Ба онҳо шириниҳои махсус омодакардаи Азия Плюс, нушокиҳои ташнагишикану фоидабахши шарики генералиамон ширкати “Оби Зулол” ва маҳсулоти гуштӣ аз ширкати “Покиза” тақдим шуд.
Меҳмононро ҳунарнамоии сарояндаҳои эстрада Мубориз Усмонов ва Афзалшоҳ Сафарзод шод намуд. Дар дохили афтобус фазои идона танинандоз буд.
Иқдоми навбатии Автобуси “Модарони мо” ба 30 солагии таъсиси гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бахшида шуд. Он бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо дастгирии ширкати ватании “Оби Зулол” баргузор гардид.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook: / asiaplustj
Instagram: / asiaplustj
#точикистон #asiaplus
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: