БАРКАНОРИИ БОЗ ДУ ПОДПОЛКОВНИКИ МИЛИСА БАРОИ ПӮШОНДАНИ ПАРВАНДАИ МАДИНА
Автор: Bomdod TV
Загружено: 2021-11-12
Просмотров: 8875
Описание:
БАРКАНОРИИ БОЗ ДУ ПОДПОЛКОВНИКИ МИЛИСА БАРОИ ПӮШОНДАНИ ПАРВАНДАИ МАДИНА
Бино ба иттилои манобеи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар робита ба моҷарои пурсарусадои пӯшондани парвандаи азобу уқубати корманди ширкати “Мегафон” Мадина Мамадҷонова, боз ду афсари баландпояи ШВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанберо аз мақомҳояшон барканор кардаанд.
Подполковник Истамзода Машраф, муовини сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино яке аз онҳое буд, ки масъулияти назорат бар ҷараёни тафтиши парвандаи Мадинаро бар уҳда дошт, вале бар асоси натиҷаҳои арзёбӣ, “Истамзода дар иҷрои вазифа ба саҳлангорӣ ва хунукназарӣ роҳ додааст.”
Подполковники дуюми барканоршуда Шукур Раҳимов, муовини сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2 ноҳияи Синост, ки то расондан ба марҳалаи афв муфаттиши нахустини қазияи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова будааст. Гуфта мешавад, аксари санадҳо бо тақозои рад кардани шурӯи парванда ва бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани гумонбари асосӣ Азиза Давлатова, ҳамсари қонунии Парвиз (Лутфулло) Давлатов, як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва дӯстписари Мадинаро подполковник Шукур Раҳимов тартиб дода, масъулони дигари ШВКД, аз ҷумла подполковник Машраф Истамзода имзо кардаанд.
Ёдовар мешавем, баъди ин қазияро зери назорати худ гирифтани Рустами Эмомалӣ ва ин масъаларо дар ҷаласаи ҳукумат бардоштани президент Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи ноябр, қазия барои тафтиши дубора баргардонда шуда, Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатоваро ба ҳабс гирифтанд ва сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода ва муовини аввали додситони ноҳияи Сино Сӯҳроб Салимзода аз мақомҳояшон барканор карда шуданд. Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон талаб карданд, то тамоми мансабдороне, ки ба коррупсия роҳ дода, пора гирифтанд ва ин парвандаро пӯшонданд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: