БОЗДОШТИ 25 КИЛО МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР БАДАХШОН
Автор: Bomdod TV
Загружено: 2021-05-26
Просмотров: 1689
Описание:
Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзи 12 май дар ҳудуди деҳаи Барчид, ҷамоати Поршинев, ноҳияи Шуғнон, шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович, соли таваллудаш 1997, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати Ширинҷоновро дастгир кардаанд. Агентии зидди маводи мухаддир гуфт, ки Аҳмадбеков бо маслиҳати пешакӣ бо як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шахсияташ барои тафтишот номаълум боқӣ мемонад, барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ, ба хариду фурӯш ва интиқоли миқдори бузурги маводи мухаддир даст задааст.
“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба Аҳмадбеков тааллуқ дошт, 50 адад бастаҳои селофании скотпечи моддаҳои ҷигаранги бӯи махсусдошта дарёфт гардид. Муайян карда шуд, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи “ҳашиш” буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад”, - хабар додааст маркази матбуоти Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон.
Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба Фаромӯз Аҳмадбеков бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 200, қисми 4 банди “д” (муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир ба миқдори махсусан бузург) ва 289, қисми 3 (қочоқи маводи мухаддир) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба Аҳмадбеков барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз 12 то 20 соли зиндон ва барои қочоқ аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: