ЗАНЕ, КИ БО ВНМО (ВИЧ/СПИД) ЗИНДАГӢ МЕКУНАД...
Автор: Qamar Ahror
Загружено: 2022-10-13
Просмотров: 6956
Описание:
НАРГИС (НОМ ШАРТАН ИВАЗ КАРДА ШУДААСТ) СОКИНИ 41 - СОЛАИ ВИЛОЯТИ СУҒД АСТ, КИ 22 СОЛ ҚАБЛ БА ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО) СИРОЯТ ШУДААСТ.
ИН ЗАН МЕГУЯД, САЛОМАТИАШ ХУБ АСТУ ХУДРО ХУБ ҲИС МЕНАМОЯД.
Наргис зимни суҳбат нақл кард, ки соли 2000-ум, замоне, ки ҳамагӣ 19 сол дошт, ба писари аммааш оила барпо кард. Аммо ҳаёти якҷояи онҳо ҳамагӣ се сол давом кард. Соли 2003 шавҳараш аз таъсири нашъамандӣ фавтидааст. То замони оиладорӣ на Наргис ва на волидонаш дар бораи муътод будани шавҳараш хабар надоштаанд.
“Солҳои 2000 - 2005 имкони ташхиси бемории ВНМО вуҷуд надошт.
Он замон дар бораи ин беморӣ қариб ҳеҷ кас маълумоти дуруст надошт.
Хушбахтона солҳои охир ташхиси ин ин беморӣ фароҳам шуд. Соли 2004 бори дуюм оила барпо кардам. Соли 2006 ман ҳомиладор шудам, зимни муоинаи давраи чаҳормоҳагии ҳомиладорӣ табибон нишонаҳои бемории ВНМО-ро дар ман кашф карданд. Маълум гардид, ки ман аз шавҳари аввалаам, ки ҳанӯз аз 14 -солагӣ мубталои нашъамандӣ гардида буд, олудаи ВНМО шудаам”, иброз намуд Наргис.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: