ВНМО/ВИЧ ва муҳоҷирони меҳнатӣ: хатарҳо, мушкилиҳо ва роҳҳои ҳал
Автор: Аsia-Plus TV
Загружено: 2024-06-26
Просмотров: 2488
Описание:
Хатарҳо ва гирифтории муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният/Вируси норасоии масунияти одам (БПНМ/ВНМО - СПИД/ВИЧ) – ин мавзӯъро дар доираи подкасти навбатӣ Субҳон Ҷалилов бо мутахассисон матраҳ кард.
Сабабҳои афзоиши ин беморӣ миёни коргарони мавсимӣ ва ҳамсарони онҳо кадомҳоянд? Чӣ гуна чораҳои пешгирӣ, назорати ин беморӣ ва хизматрасониҳои ройгони тиббӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд? Ба ин ва дигар саволҳо Дилшод Сайбурҳонов, директори Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО, Таҳмина Ҳайдарова, Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” посух гуфтанд.
Навор бо маблағгузории Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) дар чаҳорчӯбаи барномаи "Муҳоҷирати меҳнатӣ - Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират амалӣ мешавад, таҳия карда шудааст. Муҳтавои он баёнгари мавқеи SDC шуморида намешавад.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook: / asiaplustj
Instagram: / asiaplustj
#таджикистан #asiaplus
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: