Мирсалим Ашӯров - Нағмасози дил میرسلیم عشوراو - نغمهساز دل
Автор: C M
Загружено: 2026-01-27
Просмотров: 89
Описание:
Саро эй нағмасози дил, ки дил дил буданаш донад,
Нафас дар гармии овози ту осуданаш донад.
Биё дар парда нохун зан, ки мо дар пардаи хобем,
Саҳар бо чашми нилуфар нигаҳ бикшуданаш донад.
Ба рағми садду сарҳадҳо, ба рағми кини миллатҳо,
Суруди раҳкушои ту ҷаҳон паймуданаш донад.
Садоят аз худо ояд, зи авҷи кибриё ояд,
Ту дарёе, ки то бошад ба мавҷ афзуданаш донад.
Зиҳӣ эй лаҳни Лоҳутӣ, зиҳӣ эй савти довудӣ,
Зи гӯши халқ мебӯсам, ки ӯ бишнуданаш донад.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: