ycliper

Популярное

Музыка Кино и Анимация Автомобили Животные Спорт Путешествия Игры Юмор

Интересные видео

2025 Сериалы Трейлеры Новости Как сделать Видеоуроки Diy своими руками

Топ запросов

смотреть а4 schoolboy runaway турецкий сериал смотреть мультфильмы эдисон
Скачать

ДАЛЁНИ БОЛО МАКТАБИ НАВ, МУҲОҶИРОН

Автор: Qamar Ahror

Загружено: 2025-06-12

Просмотров: 2643

Описание: Сохтмони мактабе дар деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич, ки бо мушкили молӣ ҳашт сол боз нотамом монда буд, бо саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ ба анҷом мерасад
Ҳудуди якуним ҳазор муҳоҷири ин деҳаи Суғд, ки умдатан дар шаҳри Москваи Русия кору фаъолият мекунанд, барои сохтмони ин мактаб як фонди хайриявӣ ташкил намуда ҳар кадом аз рӯи имкону тавони худ маблағгузорӣ мекунад.
Хушрӯз Маҳмадёров, муҳоҷир ва яке аз маъмурони “Фонди хайриявии Далёни боло” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то имрӯз аз ҳисоби хазинаи ҷамъшудаи гурӯҳ, ки он саҳми муҳоҷирони маорифпарвар мебошад, барои бунёди мактаб ба андозаи 200 ҳазор сомонӣ маблағ ва масолеҳи бинокорӣ равона карда шудааст. “Мақсад аз таъсиси ин фонди хайриявӣ саҳмгузорӣ дар корҳои ободии диёрамон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи иҷтимоӣ аз ҷумла сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва инчунин дастгирии беморону бечорагон аст, ки онҳо ҳама хоҳарону бародарони мо мебошанд” – зикр кард, Маҳмадёров.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич сафар кард ва ҷараёни сохтмони мактабро ба навор гирифт.
Ҳазратқул Мирҷумаев, яке аз аъзоёни комиссияи сохтмони мактаби нав дар деҳаи Далёни боло гуфт, ҳоло 90 % и корҳои бинокорӣ ба иҷро расонида шуда, танҳо рангуборкунии дохилу беруни синфхонаҳо боқӣ мондааст.
“Мактаб аз 20 синфхонаи хурду бузург иборат буда, имкон дорад дар ду басти таҳсил беш аз 640 толибилм фаро гирифта шавад.
Мо омода ҳастем, ки мактаби нав дар моҳи сентябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Барои ин хуб мебуд, ки моро аз ҳукумати ноҳия ва вилоят дастгирӣ кунанд” – иброз кард, Мирҷумаев. Бозор Мирҷумаев, яке дигар аз аъзоёни комиссияи сохтмони мактаб дар Далёни боло гуфт, сохтмони мактаби нав аз тариқи ҳашари дастаҷамъии сокинон сурат гирифта, дар ин росто саҳми муҳоҷирони кории Русия басо бузург аст. Ин ҳамсуҳбати мо таъкид кард, саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ин рустои Суғд назаррас аст. “Муҳоҷирони меҳнати на танҳо барои бунёди мактаб, барои кашидани хати оби нушокӣ, ҷиҳати обёрии заминҳои кишт ва кофтани чоҳи амудӣ( скаваж) барои ободии бемористон, барқароркунии боғи фароғатӣ, барои таъмири роҳу купрукҳои мошингузари деҳа маблағгузорӣ кардаанд. Мо пирони диёр аз муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори миннатдорӣ мекунем, Худо ҳифзашон кунад” – зикр кард, Мирҷумаев.
Деҳаи Далёни боло яке аз калонтарини деҳаҳои ноҳияи Деваштич ба ҳисоб меравад, ки дар он беш аз 11 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Камбуди мактаб яке аз умдатарин мушкили иҷтимоии ин деҳа маҳсуб мешавад.
Алҳол дар ин деҳаи сернуфузи Суғд се мактаб: МТМУ №8, №49 ва Гимназияи № 3 амал мекунад, ки ҳар кадоми он дар марказ дар қисмати шарқии деҳа ҷойгир шудаанд. Аз қисмати ғарбӣ то расидан ба маркази деҳа роҳ тӯлонӣ мебошад ва аз сабаби набудани мактаб дар маҳаллаҳои навбунёди боло, хонандагон азият мекашанд, махсусан дар фасли сармо ва дар ҳолати яхбандии роҳҳо. Сокинону муҳоҷирони деҳаи Далёни боло азм доранд, ки ин мактаби навбунёд моҳи сентябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад ва як мушкили кӯҳнаи деҳа бартараф шавад.

Не удается загрузить Youtube-плеер. Проверьте блокировку Youtube в вашей сети.
Повторяем попытку...
ДАЛЁНИ БОЛО МАКТАБИ НАВ, МУҲОҶИРОН

Поделиться в:

Доступные форматы для скачивания:

Скачать видео

  • Информация по загрузке:

Скачать аудио

Похожие видео

Як мошин зери тарма монд, роҳи Душанбе - Чаноқ баста шуд

Як мошин зери тарма монд, роҳи Душанбе - Чаноқ баста шуд

ПИРИ КОР - ФИЛМ. БАСМАНДА 2026

ПИРИ КОР - ФИЛМ. БАСМАНДА 2026

Шоу барномаи мустакими «Хонакох» дар ТВ СМТ #3

Шоу барномаи мустакими «Хонакох» дар ТВ СМТ #3

Президент выводит войска? / Спецборт срочно вылетел в Москву

Президент выводит войска? / Спецборт срочно вылетел в Москву

ДАР ИСФАРА

ДАР ИСФАРА "ТЕСЛА" И ОФТОБӢ СОХТАНД

Саудовская Аравия Перекачивает Миллиарды Литров Морской Воды по Гигантским Трубам в Пустыню!

Саудовская Аравия Перекачивает Миллиарды Литров Морской Воды по Гигантским Трубам в Пустыню!

РӮЗИ ДОНИШ ДАЛЁНИ БОЛО МАКТАБИ НАВ

РӮЗИ ДОНИШ ДАЛЁНИ БОЛО МАКТАБИ НАВ

Бо даст кӯҳҳоро буррида хати об месохтем: қаҳрамони меҳнат дар бораи наҳрҳои Шӯравӣ

Бо даст кӯҳҳоро буррида хати об месохтем: қаҳрамони меҳнат дар бораи наҳрҳои Шӯравӣ

Мактаби Навъи Дехаи Далёни Боло

Мактаби Навъи Дехаи Далёни Боло

🥹ТАЪНАИ ЯНГА - ЗИНДАГИИ ТАЛХ سرزنش ستمگر

🥹ТАЪНАИ ЯНГА - ЗИНДАГИИ ТАЛХ سرزنش ستمگر

Врачи скупают по 100 квартир в год? Как рубят миллиарды на «лечении» мужских маток?

Врачи скупают по 100 квартир в год? Как рубят миллиарды на «лечении» мужских маток?

Что с Адамом Кадыровым?

Что с Адамом Кадыровым?

БУКАХОИ СУПЕР ЭЛИТА АУЛИКОЛЬ СЕМЕНТАЛ КРАСНЫЙ СТЕПНАЯ ВА МИККИ МАВС 21 января 2026 г.

БУКАХОИ СУПЕР ЭЛИТА АУЛИКОЛЬ СЕМЕНТАЛ КРАСНЫЙ СТЕПНАЯ ВА МИККИ МАВС 21 января 2026 г.

КТО ХОТЕЛ УБРАТЬ АДАМА КАДЫР0ВА? ПОДАРОК УМИРАЮЩЕМУ ПАПЕ И ВСЕДОZВОЛЕННОСТЬ «МЕДАЛИСТА»

КТО ХОТЕЛ УБРАТЬ АДАМА КАДЫР0ВА? ПОДАРОК УМИРАЮЩЕМУ ПАПЕ И ВСЕДОZВОЛЕННОСТЬ «МЕДАЛИСТА»

МАКТАБИ НАВИ ДЕХАИ ДАЛЁНИ БОЛО РАСХОДАШ ВА САХМГУЗОРОН

МАКТАБИ НАВИ ДЕХАИ ДАЛЁНИ БОЛО РАСХОДАШ ВА САХМГУЗОРОН

Почки скажут вам: всего 1 стакан перед сном и ночные походы в туалет исчезнут | ПАМЯТЬ И МОЗГ

Почки скажут вам: всего 1 стакан перед сном и ночные походы в туалет исчезнут | ПАМЯТЬ И МОЗГ

Мактаби нави Далёни Боло

Мактаби нави Далёни Боло

САР ГУЗАШТИ ДУ МУХОЧИРИ ДАЛИЁНИ БОЛО

САР ГУЗАШТИ ДУ МУХОЧИРИ ДАЛИЁНИ БОЛО

ҲАВЛИҲОИ МОРО ВАЙРОН НАКУНЕД: ШИКОЯТИ ...

ҲАВЛИҲОИ МОРО ВАЙРОН НАКУНЕД: ШИКОЯТИ ...

Далёни поён Гр Осиёна аз Узбекистан

Далёни поён Гр Осиёна аз Узбекистан

© 2025 ycliper. Все права защищены.



  • Контакты
  • О нас
  • Политика конфиденциальности



Контакты для правообладателей: [email protected]