ycliper

Популярное

Музыка Кино и Анимация Автомобили Животные Спорт Путешествия Игры Юмор

Интересные видео

2025 Сериалы Трейлеры Новости Как сделать Видеоуроки Diy своими руками

Топ запросов

смотреть а4 schoolboy runaway турецкий сериал смотреть мультфильмы эдисон
Скачать

ҲАМБОЛИ ОФТОБ (Лоиқ Шералӣ)

Автор: TV Tourism and folk crafts

Загружено: 2025-05-19

Просмотров: 271

Описание: ҲАМБОЛИ ОФТОБ (Лоиқ Шералӣ)
Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби деҳааш ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дохил шуда онро хатм карда , баъд ба факултаи таъриху филологияи ( Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко) дохил мешавад, ва онро соли 1963 хатм мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бе ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Соли 1965, дар 24-солагӣ, ба туфайли шеъри маъруфи «Ба модарам», бо тавсияи бевоситаи устод Мирзо Турсунзода, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст, ки ҳодисаи нодири таърихию адабист. Лоиқ Шералӣ солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, 1965-1966 ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» солҳои 1967-1975 мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1975-1991 мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири «Садои Шарқ», аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст. 30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июли соли 2000 бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкараш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон ба хок супурда шуд. Мадфани шарифаш дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад. Чандин мактабу маҳаллаву муассиса номишарифи ӯро ҷовидонӣ медоранд.

Не удается загрузить Youtube-плеер. Проверьте блокировку Youtube в вашей сети.
Повторяем попытку...
ҲАМБОЛИ ОФТОБ (Лоиқ Шералӣ)

Поделиться в:

Доступные форматы для скачивания:

Скачать видео

  • Информация по загрузке:

Скачать аудио

Похожие видео

© 2025 ycliper. Все права защищены.



  • Контакты
  • О нас
  • Политика конфиденциальности



Контакты для правообладателей: [email protected]