ycliper

Популярное

Музыка Кино и Анимация Автомобили Животные Спорт Путешествия Игры Юмор

Интересные видео

2025 Сериалы Трейлеры Новости Как сделать Видеоуроки Diy своими руками

Топ запросов

смотреть а4 schoolboy runaway турецкий сериал смотреть мультфильмы эдисон
Скачать

Хона ва дастурхони идонаи Ҳоҷӣ Маҳмуд барои маъюбон

Автор: Oila TJ

Загружено: 2023-04-13

Просмотров: 66458

Описание: Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон ва кӯдакони маъюб амали ҷавонмардона буда, худованд инсонҳои шариферо, ки ба сӯйи ин тоифа дасти раҳму шафқат дароз мекунанд, дӯст медорад. Паёмбари гиромии ислом, Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳи алайҳи ва саллам фармудааст: «Касе, ки ятимеро ба кафолат мегирад, фардои рўзи қиёмат ҳамроҳи ман якҷоя мебошад».

Некӣ кардан ба маъюбон, ятимон, пирони барҷомонда ва одамони бе касу кӯй махсусан дар моҳи шарифи рамазон хайру савоби беандоза дорад. Соҳибкори хайрхоҳӣ тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов дар ин моҳи муборак амалҳои хайрхоҳонаи зиёдеро анҷом дода, аз ҳоли тифлакони маъюб, ятимон, маризон, дармондагонва дигар табақаҳои ниёзманд хабар гирифт.

Ин наворҳо аз «Маркази миллии тавонбахшии кўдакони маъюби «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб бардошта шудаанд. Соҳибкори хайрхоҳ барои тифлакони маъюбе, ки дар ин даргоҳ ба табобат фаро гирифта шудаанд, дастурхони пурнозу неъмати идона ороста, ҳамзамон ба зиёда аз 300 нафар кормандони муассиса, ки ба парастории кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд машғуланд, орд, равған, биринҷ, макарон, шакар ва дигар анвои маводи ғизоиро тақдим намуд.

Пас аз дидорбинӣ бо тифлакони маъюб Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба аёдати маризони маркази тиббии “Ҳамшираҳои парастор” рафта, аз ҳоли пиронсолон, одамони бе касу кӯй ва маъюбоне, ки дар ин даргоҳ парасторӣ карда мешаванд, хабар гирифт. Ин соҳибкори хайрхоҳ чанд сол инҷониб сарпарастии ин даргоҳро бар дӯши худ гирифта, тамоми шароитҳои лозимаро барои бошандагонаш фароҳам меорад, аз ҳамин хотир шоии эшогн аз дидани Маҳмудҷон Муродов интиҳо надошт.

Соҳибкори хайрандеш бо шароти кунунии зисту зиндагии маъюбону пиронсолон ошно гашта, ба онҳо 6 телевизор, аробачаҳои маъюбӣ ва телефонҳои мобилӣ ҳадя намуд ва ба аёдати маризоне рафт, ки чанд сол боз дар бистари беморӣ мехобанд.
Ин соҳибкори хайрхоҳ дар баробари тифлакони маъюб ва пирони танҳо ҳамчунин ба дигар табақаҳои камбизоати аҳолӣ дасти хайру сахои хешро дароз намуда, дар 6 интернет ва чандин хобгоҳу мактабҳо ош дод ва барои бошандагонашон дастурхони пурнозу неъмат ороста, ба одамони ниёзманд маводи ғизоӣ тақсим кард.
Умедворем, ки дигар соҳибкорони тоҷик низ аз ин марди ҳотамнажод ибрат гирифта, дар моҳи мубораки рамазон ба ятимон, бепарасторон, беморон, пирони барҷомонда, модарони танҳо, оилаҳои серфарзанд ва дигар ниёзмандон дасти хайру саховат дароз менамоянд. Тавре ки худи Маҳмудҷон Муродов мегӯяд: дар ҳар як сомоние, ки соҳибкорону тоҷирон ба даст меоранд, ҳиссаи ятимону бечорагон низ ҳаст ва онро ба соҳибонашон дода, шахси хайрхоҳ дарвозаҳои файзу баракатро ба рӯйи худ боз мекунад.
Худованди меҳрубон дар китоби муқаддаси Қуръон дар сураи «Анъом» мефармояд: «Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд подош аст».
Пас то метавонед некӣ кунед, зеро:
Пушаймон нагардад кас аз кори нек,
Накӯтар зи некӣ чӣ чиз аст нек?

Не удается загрузить Youtube-плеер. Проверьте блокировку Youtube в вашей сети.
Повторяем попытку...
Хона ва дастурхони идонаи  Ҳоҷӣ Маҳмуд барои маъюбон

Поделиться в:

Доступные форматы для скачивания:

Скачать видео

  • Информация по загрузке:

Скачать аудио

Похожие видео

РФ жёстко ответила Западу / Заявление о поражении в войне с Москвой

РФ жёстко ответила Западу / Заявление о поражении в войне с Москвой

Сура Аль Кахф читайте слушайте каждую пятницу и делитесь с другими

Сура Аль Кахф читайте слушайте каждую пятницу и делитесь с другими

Маьлумот дар бораи ИНДОНЕЗИЯ

Маьлумот дар бораи ИНДОНЕЗИЯ

Аз хонаи пиронсолон: ОИЛААМ ВАФОТ КАРД, ЗАМИНАМРО ГИРИФТАНД, бе хона мондам

Аз хонаи пиронсолон: ОИЛААМ ВАФОТ КАРД, ЗАМИНАМРО ГИРИФТАНД, бе хона мондам

ТАЛАБШО МУҚИМОВ, ПАС АЗ ҶАРОҲИ, БУБИНЕД БА ЧИ ҲОЛ РАСИД

ТАЛАБШО МУҚИМОВ, ПАС АЗ ҶАРОҲИ, БУБИНЕД БА ЧИ ҲОЛ РАСИД

Лахзахои Гуворро! Аруса ҷин бурд! саҳнаи нав 2026

Лахзахои Гуворро! Аруса ҷин бурд! саҳнаи нав 2026

ОХО! Илия Топурия зидди Ислам Махачев барои камарбанди P4P чангидан мехохад | Вазнхои нав дар UFC ?

ОХО! Илия Топурия зидди Ислам Махачев барои камарбанди P4P чангидан мехохад | Вазнхои нав дар UFC ?

В 99 лет ем одни и те же 5 продуктов каждый день — врачи не могут это объяснить

В 99 лет ем одни и те же 5 продуктов каждый день — врачи не могут это объяснить

Хайр Ошу нон бо консерт Бобочони Чумахон дар Беморхонаи касалихои Рухи ва Инвалидон Ятимон н Восеъ

Хайр Ошу нон бо консерт Бобочони Чумахон дар Беморхонаи касалихои Рухи ва Инвалидон Ятимон н Восеъ

ҲОҶӢ МАҲМУД СИТОРА ВА 4 ФАРЗАНДАШРО СОҲИБИ ХОНА КАРД

ҲОҶӢ МАҲМУД СИТОРА ВА 4 ФАРЗАНДАШРО СОҲИБИ ХОНА КАРД

Ҳоҷӣ Маҳмуд дар Рамазон ба 3 ятим хона туҳфа кард

Ҳоҷӣ Маҳмуд дар Рамазон ба 3 ятим хона туҳфа кард

Боздошти 20 нафар бо гумони пайравӣ аз

Боздошти 20 нафар бо гумони пайравӣ аз "Салафия"

ДУА УТРОМ — НАЧНИ ДЕНЬ С АЛЛАХОМ 🌅🕋

ДУА УТРОМ — НАЧНИ ДЕНЬ С АЛЛАХОМ 🌅🕋

Пенчи Аннаев - Рузи артиши милли 23 феврал Муборак бошад 2026

Пенчи Аннаев - Рузи артиши милли 23 феврал Муборак бошад 2026

Хиссае аз Киссае,Хонаи пиронсолон Саргузашти Падару модари танхо!

Хиссае аз Киссае,Хонаи пиронсолон Саргузашти Падару модари танхо!

Лахзахои Гуворро! Орзуи мошин! саҳнаи нав 2026

Лахзахои Гуворро! Орзуи мошин! саҳнаи нав 2026

КАМТАР ШУХИ КАРДЕМ🇹🇯24.02.26

КАМТАР ШУХИ КАРДЕМ🇹🇯24.02.26

Модари маъюбон: “Худоро шукр, ки бе нон нестем” | “Слава Господу, что без хлеба не остаемся”

Модари маъюбон: “Худоро шукр, ки бе нон нестем” | “Слава Господу, что без хлеба не остаемся”

Фарзона Муҳиддинова: Аз ҷабри зиндагӣ худамро оташ задам, вале...

Фарзона Муҳиддинова: Аз ҷабри зиндагӣ худамро оташ задам, вале...

СРОЧНО! ИЛТИМОС НАВОРО ПАҲН КУНЕД ДЕПОРТАЦИЯ ПАСПОРТИ РУСИЯ РЕЕСТЕР РЕГИСТРАЦИЯ ОРГИНАЛ  ГАПУ ЧАП

СРОЧНО! ИЛТИМОС НАВОРО ПАҲН КУНЕД ДЕПОРТАЦИЯ ПАСПОРТИ РУСИЯ РЕЕСТЕР РЕГИСТРАЦИЯ ОРГИНАЛ ГАПУ ЧАП

© 2025 ycliper. Все права защищены.



  • Контакты
  • О нас
  • Политика конфиденциальности



Контакты для правообладателей: [email protected]