Президент барои сокинони ш. Бохтар афтобусхои замонави тухфа кард
Автор: KHABARI RUZ
Загружено: 2023-12-14
Просмотров: 588
Описание:
14 декабр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Бохтарнақлиётхизматрасон”-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” иштирок карданд.
Амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, мақсади татбиқи он ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, паст кардани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ иборат мебошад.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: