Суруди "Мактабам" Шеъри: Ҳабиб СулаймонӣОҳанги: Абдураҳмон Тошматов
Автор: Homidjon Tursunov music teacher 🎹
Загружено: 2024-02-18
Просмотров: 50066
Описание:
Суруди "Мактабам" Surudi "Maktabam"
Шеъри: Ҳабиб Сулаймонӣ
Оҳанги: Абдураҳмон Тошматов
1
Мактабам бошам уқоби даргаҳат
Оғушатро баҳри эҷоз омадам
Хондаву дониста ҳар панди туро
Дар фазоят ман ба парвоз омадам
Хондаву дониста ҳар панди туро
Дар фазоят ман ба парвоз омадам
Номи некатро сарафроз омадам
Мактабамро олами соз омадам. 2х
2
Аз фурўғи зиндагониву хирад
Ҷону дилро ҳусни оғоз омадам
Ақлҳо рӯшангари даврони мост
Тифли домонад барат боз омадам
Ақлҳо рӯшангари даврони мост
Тифли домонад барат боз омадам
Шукри даргоҳат ки ҳамроз омадам
Мактабамро завқи эҷоз омадам. 2х
3
Саҳни ту ин саҳнаи одамгарӣ
Дар ҷаҳонат як ҷаҳон соз омадам
Панди устодони ту бишнидаам
Чун Ҳабибат бо чӣ овоз омадам
Панди устодони ту бишнидаам
Чун Ҳабибат бо чӣ овоз омадам
Ҳамдаму ҳам маслаки роз омадам
Мактабамро булбуловоз омадам 2х
Мактабамро булбуловоз омадам
Омадаааам
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: