Искандар дар ТОП 8 АСА / Конор ба UFC бозгашт / Сарвар омодаги чидди / Осимхон vs Ренат ACA 202
Автор: Shermardon
Загружено: 2026-02-19
Просмотров: 6557
Описание:
11-уми апрел дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи мусобиқаи ACA 202 Осимхон Раҳмонов бо рекорди 16 - 4 ба муқобили Рента Ондар, ки рекордаш 15 - 4 аст, вориди актагон мегардад.
Ин набард метавонад муайян кунад, ки кӣ довталаби навбатӣ ба камарбанди вазни сабуктарини ACA мешавад.
Ҳар ду ҷанговар универсалӣ ҳастанд:
дар стойка қавӣ, дар партер ҳам хатарнок буда оромона меҷанганд ва ҳамеша барои пирӯзии боваринок мераванд.
Ин барои ҳар ду санҷиши ҷиддӣ мешавад.
Ба фикри Шумо дар ин ракобат шонси ки зиедтар аст , дар комментария нависед !
—-
Конор МакГрегор гуфт, ки барои ракобати нав розигӣ додааст ва ҳоло шартномаро интизор аст. Ӯ мегӯяд, ки аллакай номи рақиб ва санаи ракобатро медонад.
Ҳафтаи гузашта президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки турнири калон, ки дар назди Кохи Сафед баргузор мешавад, тамоми ракобатхо аллакай тасдиқ шудаанд.
Конор 37 сол дорад ва аз моҳи июли соли 2021 ба октагон набаромадааст. Он вақт дар ракобати сеюмаш бо Дастин Порье пояш шикаст.
Соли 2024 ӯ бояд бо Майкл Чендлер ракобат мекард, аммо ду ҳафта пеш аз мухориба ангушти пояш шикаст ва аз иштирок бозмонд.
Ҳоло МакГрегор мехоҳад баргардад ва танҳо интизори шартнома аст.
——
Сарвар Хамидов 16-1 раками 6 дар рейтинги PFL , охири моҳи апрел ё аввали моҳи май! ракобати навбатии худро баргузор хоҳад кард.
Ҳанӯз номи рақиб, сана ва макони мусобиқа расман эълон нашудааст, аммо маълум аст, ки у чидди омодаги дида истодааст .
Ҳоло Сарвар дар лагери тамринӣ дар яке аз қавитарин клубҳои ҷаҳон — American Top Team (Американ Топ Тим ) тамрин мекунад. Ҳамспаррингҳои ӯ варзишгарони маъруфи UFC ва MMA, аз ҷумла Мовсар Йевлоев, Матеуш Гамрот ва Дастин Парйе мебошанд.
Ба ӯ тамрини хуб орзу мекунем ва интизори баргашташ ба октагон ҳастем.
—-
Искандар Мамадалиев пас аз мусобиқаи ACA 200 — дар рейтинг якбора боло рафт. Ӯ 12 зина пеш рафта, ҳоло дар ҷои 8-ум дар вазни ниммиёнаи лигаи ACA қарор дорад ва ба ТОП-10 дохил шуд.
Дар он мусобиқа Искандар бо размгори хеле таҷрибадор ва хатарнок Алӣ Багов ракобат кард.
Мухориба се раунд идома кард ва дар охир доварон бо қарори ҷудогона пирӯзиро ба Искандар доданд.
Ҳоло Искандар ба ракобат барои камарбанд наздик шуд ва агар ҳамин тавр идома диҳад, метавонад ба зудӣ довталаби асосӣ шавад, ки мо ба у мувафакиятро орзу мекунем.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: