ycliper

Популярное

Музыка Кино и Анимация Автомобили Животные Спорт Путешествия Игры Юмор

Интересные видео

2025 Сериалы Трейлеры Новости Как сделать Видеоуроки Diy своими руками

Топ запросов

смотреть а4 schoolboy runaway турецкий сериал смотреть мультфильмы эдисон
Скачать

Боздид аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ - саноатии «Кӯлоб» ва намоши махсулоти кишоварзӣ

Автор: Ахбори Тоҷикистон

Загружено: 2019-09-13

Просмотров: 4571

Описание: Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» ва намоиши махсулоти кишоварзӣ боздид намуданд

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» шинос шуданд.

Дар назди Кооперативи тиҷоратии Саид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 70 гектар бунёди гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар як гектари он 10 гармхона бунёд гардидааст.

Ин қитъаи замин қаблан санглох буд, ки обёрии он бо мушкилӣ сурат мегирифт ва баъд аз истифодаи оқилонаю босамар бо кандани чоҳҳои амудӣ обёрии гармхонаҳо бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароит ва технологияи парвариши помидору бодиринг, қаланфур ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳо аз наздик шинос шуда ба хоҷагидорон ҷиҳати рушди ин бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ дастуру ҳидоят ва маслиҳати муфид доданд.

Ҳамзамон дар гармхонаҳо бодиринг ҳосили фаровон дошта, маҳсули меҳнати хоҷагидорон ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба фурӯш бароварда шудааст.

Ба андешаи мутахассисони соҳа парвариши сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона нисбат ба замини кушод манфиатовар буда, гирифтани ҳосил то 1200 сетнер имконпазир аст.

Ташкили гармхонаҳо бо технологияи нави парвариш имкон фароҳам меорад, ки бозорҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳину Восеъ ва Мир Саид Алии Ҳамадонию Фархор дар чаҳор фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин карда шаванд.

Ҳамзамон дар ин гармхонаҳо 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуда оянда бо бунёди гармхонаҳои иловагӣ шумораи коргарон то ба 500 нафар хоҳад расид.

Дар ин маҷмааи кишоварзӣ- саноатӣ хоҷагидорон азм доранд, ки дар майдони 10 гектар гармхонаи лимупарварӣ, 15 гектар токзор, 10 гектар боғи интенсивӣ, дар масоҳати 2 гектар ҳавзи моҳипарварӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот барои дар як сол истеҳсоли то 2,5 миллион банкаи шартӣ, ташкили гушаи деҳқон дар 0,50 гектар замини ғайри кишоварзӣ, ду сардхона ҷиҳати нигоҳдории то 10 ҳазор тонна меваю сабзавот ва колеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои меҳнатии кишоварзон боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ хоҷагидорон маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд, ки аз ҳосили фаровони боғу токзор, зироатҳо ва полезӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб башорат медиҳад.

Намоишгоҳро пирамидаҳои бо тарбузу харбуза омода кардаи хоҷагидорон шукуҳи дигар бахшид.

Маврид ба таъкид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб соли ҷорӣ 145 миллион сомониро ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад. Имсол дар майдони 10 ҳазору 409 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуда 37, 5 гектар боғи нав бунёд гардидааст.

Истеҳсоли сабзавот 24,6 ҳазор тонна, полезӣ 475 тонна ва мева 797 тоннаро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли гузашта бештар мебошад. Кишоварзон дар намоишгоҳ бо пешниҳоди навъҳои беҳтарини меваҳо, картошка, каду, тарбуз, харбуза, пиёз, шалғаму сабзӣ, бодирингу помидор, зироати ғаладонагӣ, намунаи гиëҳҳои шифобахш ва занбури асал собит намуданд, ки дар истифодаи босамари замин таҷрибаи зиёд андухта, барои тадбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъолу назаррас мегузоранд.

Дар як гӯшаи намоишгоҳ кадбонуҳо анвои гуногуни маводи ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллиро омода ва пешниҳод намуданд. Техникаву мошинолоти муосири кишоварзӣ, ки пешрафти кори аҳли заҳмат аз он вобастагӣ дорад ба маъраз гузошта шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон бо хоҷагидорон суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

АМИТ «Ховар»

ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★ Telegram: https://bit.ly/2vheVeX
★ WhatsApp: https://bit.ly/2K9HghP
★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m

#Tajikistan #Dushanbe #kulob2019

Не удается загрузить Youtube-плеер. Проверьте блокировку Youtube в вашей сети.
Повторяем попытку...
Боздид аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ - саноатии «Кӯлоб» ва намоши махсулоти кишоварзӣ

Поделиться в:

Доступные форматы для скачивания:

Скачать видео

  • Информация по загрузке:

Скачать аудио

Похожие видео

Путина предали? / Требование досрочных выборов президента

Путина предали? / Требование досрочных выборов президента

Таҳминаи куҷо шуд? Волидон 10 рӯз боз духтари донишҷӯи худро мекобанд

Таҳминаи куҷо шуд? Волидон 10 рӯз боз духтари донишҷӯи худро мекобанд

⚡️ Трамп усилил армию Путина || Окружение с трёх сторон

⚡️ Трамп усилил армию Путина || Окружение с трёх сторон

Угнал МиГ-25 в США: что обнаружили американцы разрушило советский миф

Угнал МиГ-25 в США: что обнаружили американцы разрушило советский миф

Барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» / концерт в таджикистане | 2023

Барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» / концерт в таджикистане | 2023

Бо вуҷуди эътирозҳо, мақомоти Кӯлоб дарҳои бозори

Бо вуҷуди эътирозҳо, мақомоти Кӯлоб дарҳои бозори "Лола"-ро бастанд

11-ФЕВРАЛ МАЛИБУ КАПТИВА НАРХЛАРИ 2026.СОТОЛМАЯБДИ ХЕЧКИМ ХАТТО НЕКСЯ ПУЛИГА💥.АНДИЖОН МОШИНА БОЗОР

11-ФЕВРАЛ МАЛИБУ КАПТИВА НАРХЛАРИ 2026.СОТОЛМАЯБДИ ХЕЧКИМ ХАТТО НЕКСЯ ПУЛИГА💥.АНДИЖОН МОШИНА БОЗОР

РЫСЬ В ДЕЛЕ... Рысь против волка, койота, змеи, оленя!

РЫСЬ В ДЕЛЕ... Рысь против волка, койота, змеи, оленя!

Unbelievable! They Said Grapes Couldn’t Grow in the Desert — The Results Proved Them Wrong

Unbelievable! They Said Grapes Couldn’t Grow in the Desert — The Results Proved Them Wrong

Бунёди боғи хуч дар Мӯъминобод ҷанҷолӣ шуд

Бунёди боғи хуч дар Мӯъминобод ҷанҷолӣ шуд

Подпольная штурмовица 💣 смертельные операции в оккупации | ВОВ 2026, ВОЕННЫЙ ФИЛЬМ 2026

Подпольная штурмовица 💣 смертельные операции в оккупации | ВОВ 2026, ВОЕННЫЙ ФИЛЬМ 2026

11 FEVRAL FARGONA MASHINA BOZORIDA NEXIYA1 NEXIYA2 SOVDO ZOR BOLYABDI

11 FEVRAL FARGONA MASHINA BOZORIDA NEXIYA1 NEXIYA2 SOVDO ZOR BOLYABDI

ДИЁРИ КӮҲИСТОНИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН (ШӮРООБОД)

ДИЁРИ КӮҲИСТОНИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН (ШӮРООБОД)

Уникальная немецкая кинохроника штурма Брестской крепости (1941)

Уникальная немецкая кинохроника штурма Брестской крепости (1941)

Лукашенко на ферме: Юра, катастрофически тяжёлый для тебя будет год!

Лукашенко на ферме: Юра, катастрофически тяжёлый для тебя будет год!

Как австралийские фермеры зарабатывают миллиарды на сельском хозяйстве. Уникальные кадры

Как австралийские фермеры зарабатывают миллиарды на сельском хозяйстве. Уникальные кадры

То, что Китай строит прямо сейчас, лишит вас дара речи

То, что Китай строит прямо сейчас, лишит вас дара речи

Открытие Варбурга: 4 переключателя, которые мешают раку расти | Здоровье с Доктором

Открытие Варбурга: 4 переключателя, которые мешают раку расти | Здоровье с Доктором

КАК сельхоз технологии Израиля позволяют производить 6,8 миллионов тонн продукции ежегодно.

КАК сельхоз технологии Израиля позволяют производить 6,8 миллионов тонн продукции ежегодно.

Сборник ЛУЧШИХ Мелодий от которых мурашки по телу! Красивая музыка для души- Осень #Relaxing

Сборник ЛУЧШИХ Мелодий от которых мурашки по телу! Красивая музыка для души- Осень #Relaxing

© 2025 ycliper. Все права защищены.



  • Контакты
  • О нас
  • Политика конфиденциальности



Контакты для правообладателей: [email protected]