ycliper

Популярное

Музыка Кино и Анимация Автомобили Животные Спорт Путешествия Игры Юмор

Интересные видео

2025 Сериалы Трейлеры Новости Как сделать Видеоуроки Diy своими руками

Топ запросов

смотреть а4 schoolboy runaway турецкий сериал смотреть мультфильмы эдисон
Скачать

Нолаи Афзалшо Шодиев ва Лоиқ Холов дар маросим

Автор: Oila TJ

Загружено: 2024-02-19

Просмотров: 398763

Описание: Шаби 18-уми феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ансамбли давлатии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Давлатманд Холов баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 74-солагӣ вафот кард.

Чанд рӯз қабл аз бемории ин ҳунарманди тоҷик Вазорати фарҳанги кишвар расман эълон намуда буданд, ки пайвандонаш барои табобат ӯро ба давлатҳои гуногун бурданд, вале табибон ба дардаш дармоне пайдо карда натавонистаанд.

Чанд рӯз пеш Давлатманди Холро аз Маскав ба Душанбе оварда, дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ намуданд ва ҳофизи машҳур дар беморхона аз олам даргузаштааст.


Маросими ҷанозаи Давлатманд Холов, имрӯз вақти намози пешин дар Масҷиди Имом Абӯҳанифаи шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он садҳо нафар дӯстон, ҳамкасбон, пайравон ва мухлисону ҳаводорони ин сарояндаи хушовоз ширкат доштанд. Марҳумро дар Оромгоҳи Лучоб дафн карданд.

Давлатманди Хол 26- уми октябри соли 1950 дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба дунё омада, аввалин бор дар синни 13-солагӣ дар сӯги падараш дарду аламҳои ҷигарсӯзи худро дар ин тарона бозгӯ намуда буд. Ӯ навохтани асбобҳои мусиқиро аз қиблагоҳаш омӯхта буд ва аз даст додани падар барояш талафоти бузурге буд.
Давлатманди Хол яке аз бунёдгузорони жанри фалаксаройӣ ба шумор меравад ва солҳои зиёде роҳбари ансамбли “Фалак”-ро бар дӯш дошт. Ӯ дар баробари мухлисони дохилӣ ҳамчунин ҳаводорони зиёд дар кишварҳои форсизабон дошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бисёр арзишманди Давлатманд Холовро дар рушди санъати овозхонӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри «Фалак» таъкид карда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ баён карданд.

Марги ин ҳунарманди асил талафоти бузургест барои санъати тоҷик.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ аз даргузашти устоди санъати тоҷик, Давлатманди Хол андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи худованд сабри ҷамил мехоҳанд. Ҷойи устод Давлатманди Хол ҷаннати ҷовидон бод.

Не удается загрузить Youtube-плеер. Проверьте блокировку Youtube в вашей сети.
Повторяем попытку...
Нолаи Афзалшо Шодиев ва Лоиқ Холов дар маросим

Поделиться в:

Доступные форматы для скачивания:

Скачать видео

  • Информация по загрузке:

Скачать аудио

Похожие видео

© 2025 ycliper. Все права защищены.



  • Контакты
  • О нас
  • Политика конфиденциальности



Контакты для правообладателей: [email protected]