“ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” БА ТАФТИШОТ НАҚЛ КАРД, КИ АВВАЛ АЗ ОНҲО ХОСТАНД ШЕРАЛӢ КАБИРРО АЗ БАЙН БАРДОРАНД
Автор: Bomdod TV
Загружено: 2023-10-20
Просмотров: 106407
Описание:
Ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз манобеи муътамад се сабти видеоии кӯтоҳ аз ҷараёни бозпурсиҳои Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақабҳои “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, муттаҳами асосӣ дар парвандаи рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев расид. Ин сабтҳо пеш аз ҳама як чизро нишон медиҳанд, ки “Дилшоди Красавчик” бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ дорад ва хеле аз ҷузъиёти паси пардаи қазияи рабудани бонкдори маъруфро нақл карда истодааст.
“Дилшоди Красавчик”, ки риш дорад ва зоҳиран дар ҳузури адвокаташ баёнот медиҳад, дар яке аз ин сабтҳо эътироф мекунад, ки рабудани Шуҳрат Исматуллоевро аз онҳо Қамар Азизов, як соҳибкори сокини пойтахт, бародари овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” хостааст. Ба гуфтаи “Дилшоди Красавчик”, гӯё Қамар Азизов, ки бо Исматуллоев тиҷорати муштараки хонасозӣ дошт, аз вай дуюним ё се миллион доллар қарздор шудааст ва “ба мо гуфт, ки намешавад, ки Шуҳратро аз байн бардорем?”
Ӯ меафзояд, ки Қамар ба онҳо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои Тоҷикистон ва менҷери собиқи ширкати алюминсозии ТАЛКОро низ “наводка” дода буд, ки “аз Шуҳрат дида Шералӣ пули бисёртар дорад. Вале мо қабул накардем, чунки Шералӣ ба ҳама ёрдам мекунад, дасти кушод дорад”.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: