МАСТОНА ЭРГАШОВА-ХУШТАР АЗ АЙЁМИ ИШҚ АЙЁМ НЕСТ 2025
Автор: СаМиМоНа-📺
Загружено: 2025-05-12
Просмотров: 916
Описание:
НАВОР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ СУҲРОБИ ЗИЁ ИСТИФОДА ШУДААСТ.
Рӯзи “Шашмақом” ба ҳамаи ошиқони он фархунда бод!
Ғазали Саъдии Шерозӣ
Оҳанги Нериё Аминов
Иҷрои Мастона Эргашева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон
روز “ششمقام” فرخنده باد
غزل سعدی شیرازی
آهنگ نریا امینف
اجرا: مستانه ایرگشوا، هنرمند مردمی تاجیکستان
*****
Хуштар аз даврони ишқ айём нест,
Бомдоди ошиқонро шом нест.
Мутрибон рафтанду сӯфӣ дар самоъ,
Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест.
Коми ҳар ҷӯяндаеро охирест,
Орифонро мунтаҳои ком нест.
Аз ҳазорон дар яке гирад самоъ,
З-он ки ҳар кас маҳрами пайғом
нест.
Ошноён раҳ бад-ин маънӣ
баранд,
Дар сарои хос, бори омм нест.
То насӯзад барнаёяд бӯи уд,
Пухта донад к-ин сухан бо хом
нест.
Ҳар касеро номи маъшуқе ки
ҳаст,
Мебарад, маъшуқи моро ном
нест.
Сарвро бо ҷумла зебойӣ ки ҳаст,
Пеши андоми ту ҳеҷ андом
нест.
Мастӣ аз ман пурсу шури
ошиқӣ,
В-он куҷо донад, ки дардошом
нест.
Боди субҳу хоки Шероз оташест,
Ҳар киро дар вай гирифт, ором
нест.
Хоби беҳангомат аз раҳ мебарад,
Варна бонги субҳ беҳангом нест.
Саъдиё чун бут шикастӣ, худ мабош,
Худпарастӣ камтар аз асном нест.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: