ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ХИТОЙ БО ҲАВОПАЙМОИ 92-МИЛЛИОНДОЛЛАРӢ САФАР КАРДААСТ
Автор: Bomdod TV
Загружено: 2023-05-16
Просмотров: 2495
Описание:
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи 16 майи соли 2023 барои анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар як нишасти сарони кишварҳои минтақа ба Хитой рафт, бори нахуст бо ҳавопаймои президентии 92-миллиондоллариаш парвоз кардааст. Дар видео ва яке аз 4 аксе, ки хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон аз фурудгоҳи Пекин нашр кард, дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш аз ҳамин ҳавопаймои собиқи президенти Мексика, ки хариданаш баҳсҳои гармеро дар ҷомиа ба по кард, пойин шудаанд.
Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар бо раҳбарони Хитой масоили марбут ба идомаи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карда, дар нахустин нишасти “Осиёи Марказӣ-Чин” дар сатҳи сарони кишварҳо иштирок кунад.
20 марти соли 2023 раиси Ҷумҳурии халқии Чин Си Ҷинпинг дар табрикоти наврӯзиаш ба Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд, ки Пекин моҳи май дар нахустин саммити “Чин ва Осиёи Марказӣ” мехоҳад як “нақшаи бузурги рушди муносибатҳои байни Чин ва Осиёи Марказӣ”-ро бо роҳбарони ин минтақа дар миён гузорад. Нозирони умур бар инанд, ки Хитой бо истифода аз заиф шудани Русия дар пайи дармонданаш дар ботлоқи ҷанги Украина азм дорад, то нуфузи худро бар кишварҳои Осиёи Марказӣ боз ҳам тақвият дода, ҷои Русияро дар мақоми шарики №1 барои давлатҳои ин минтақа тангтар кунад. Пекин то кунун дар тавсиаталабиҳояш дар Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳ ба вокунишҳои Маскав иқдом мекард, вале заиф шудани Русия метавонад дар ин арса хеле далертараш кунад.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: