ycliper

Популярное

Музыка Кино и Анимация Автомобили Животные Спорт Путешествия Игры Юмор

Интересные видео

2025 Сериалы Трейлеры Новости Как сделать Видеоуроки Diy своими руками

Топ запросов

смотреть а4 schoolboy runaway турецкий сериал смотреть мультфильмы эдисон
Скачать

ВОЙИ БЕПУЛӢ... ХОНАНДАИ АЪЛОХОНИ ГИМНАЗИЯИ №8–РО АЗ МАКТАБ ХОРИҶ КАРДАНД

Автор: Bomdod TV

Загружено: 2022-01-19

Просмотров: 13224

Описание: Мирзохӯҷа Самадов, як сокини Душанбе, ки инак 7 сол боз талош дорад, то 2 миллион сомонӣ пасандози худро аз бонки басташудаи «Тоҷпромбонк» пас бигирад, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки азбаски пулаш дар бонк дармондааст, маблағи таҳсили писараш Идрисро дода натавонист ва ӯро аз гимназияи №8 (гимназияи “Кафолат)–и шаҳри Душанбе ба ин далел хориҷ кардаанд. Мирзохӯҷа Самадов мегӯяд, писараш яке аз хонандагони пешсафи ин мактаб буда, барои таҳсили аълову рафтори намунавиаш даҳҳо диплому ифтихорнома ба даст оварда буд ва аксаш тахтаи хонандагони беҳтарини гимназияро оро медод.
Дар огоҳиномае, ки маъмурияти гимназия ба Самадовҳо навиштааст, чунин омадааст:
“Муҳтарам волидон! Ба Шумо маълум менамоем, ки тибқи банди 4.2 шартномаи байни гимназия ва Шумо баимзорасида, дар соли таҳсили 2021-2022 маблағи таҳсили фарзандатон, хонандаи синфи 6А Самадов Идрис дар ҳаҷми 12 ҳазору 900 сомонӣ, ки бояд то 20 декабри соли 2021 ПУРРА супорида мешуд, то ҳол пардохт нагардидааст.
Мо дар ин хусус ба Шумо 28-уми декабри соли 2021 огоҳинома равон карда будем ва то санаи 11-уми январи соли 2022 муҳлат ҳам додем. Аммо Шумо масъулият ва уҳдадории худро дар назди муассиса то ҳол анҷом надодаед. Маълум менамоем, ки тибқи фармоиши директори гимназияи №8 аз 15.01.2022 фарзандатон аз гимназия хориҷ ва ба муассисаи таълимии маҳалли зист интиқол ёфтааст. Лутфан, аз пагоҳ маълумоти мазкурро ба инобат гиред.
МАЪМУРИЯТ”
Мирзохӯҷа Самадов мегӯяд, бори охир ба ӯ аз 2 миллион пасандози дар “Тоҷпромбонк” дармондааш моҳи декабр ҳамагӣ 500 сомонӣ доданд.
“Гоҳо 500 медиҳанд, гоҳе 800, ва агар хеле ҳиммат кунанд, моҳе 1000 сомонӣ. Ман даҳҳо бор ба роҳбарони кишвар, аз ҷумла ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардам, ки ба ман кумак кунед, ки пули ҳаққи ҳалоли худамро аз ин бонк бигирам. Вале мутаассифона, касе ба додам нарасид. Президент дар вақташ мегуфт, ба хотири таъмини пешравии иқтисоди кишвар пулҳои худро дар бонкҳои ватанӣ гузоред Ман ҳам ба ҳамин суханони президент гӯш дода, тамоми молу мулкашро фурӯхтам ва дар бонк гузоштам. Имрӯз пули худамро гардонда намедиҳанд..” – мегӯяд Мирзохӯҷа Самадов.
“Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” – ду бонки буҳронзадаро Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 барҳам дод ва дар ҳарду муассисаи молиявӣ маъмурияти беруна ҷорӣ кард. Ҷамшед Зиёев, раиси “Тоҷпромбонк” соли 2018 боздошт ва моҳи декабри соли 2020 ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.
Як вазифаи асосии маъмурияти беруна аз ҳисоби дороиҳои бонк пардохт кардани пулҳои дар “Тоҷпромбонк” дармондаи муштариёнаш гуфта мешуд. Мирзохӯҷа Самадов мегӯяд, ин маъмурияти беруна 5 сол боз фаъолият дорад ва ахиран замони фаъолияташ бо қарори Додгоҳи иқтисодӣ боз тамдид шуд, вале мушкили онҳо ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мондааст.

Не удается загрузить Youtube-плеер. Проверьте блокировку Youtube в вашей сети.
Повторяем попытку...
ВОЙИ БЕПУЛӢ... ХОНАНДАИ АЪЛОХОНИ ГИМНАЗИЯИ №8–РО АЗ МАКТАБ ХОРИҶ КАРДАНД

Поделиться в:

Доступные форматы для скачивания:

Скачать видео

  • Информация по загрузке:

Скачать аудио

Похожие видео

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар Гимназияи хусусии “Кафолат” дар шаҳри Душанбе  17.03.2022

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар Гимназияи хусусии “Кафолат” дар шаҳри Душанбе 17.03.2022

Настя помогла Эвелин позаботиться о своей внешности

Настя помогла Эвелин позаботиться о своей внешности

Может ли загрязнение из Ирана достичь Центральной Азии? | НОМАД ТВ

Может ли загрязнение из Ирана достичь Центральной Азии? | НОМАД ТВ

Ярмаркаи Рамазони Сарбозча призош кати 8 марта 2026 г.

Ярмаркаи Рамазони Сарбозча призош кати 8 марта 2026 г.

«Ҷашни Наврӯз» - Шукуҳи таҷлили  Наврӯз дар гимназияи «Кафолат»

«Ҷашни Наврӯз» - Шукуҳи таҷлили Наврӯз дар гимназияи «Кафолат»

Навиди бомдодии 19-уми декабри соли 2019

Навиди бомдодии 19-уми декабри соли 2019

🔴 СРОЧНО США ГОТОВЯТ САМЫЙ МОЩНЫЙ УДАР ПО ИРАНУ #новости #одиндень

🔴 СРОЧНО США ГОТОВЯТ САМЫЙ МОЩНЫЙ УДАР ПО ИРАНУ #новости #одиндень

Как кыргызстанцев эвакуируют с круизного лайнера в Катаре | НОМАД ТВ

Как кыргызстанцев эвакуируют с круизного лайнера в Катаре | НОМАД ТВ

Плесецк - история самого СЕКРЕТНОГО космодрома СССР

Плесецк - история самого СЕКРЕТНОГО космодрома СССР

Ҷашни наврӯзии муассисаи таълимии гимназияи хусусии 8. «Кафолат» - 23.03.2020

Ҷашни наврӯзии муассисаи таълимии гимназияи хусусии 8. «Кафолат» - 23.03.2020

"Ҳотам ПВ"-ро вазорат танбеҳ медиҳад

«Тест ничего не изменит!» — отец отказывается верить науке, лишь бы не платить

«Тест ничего не изменит!» — отец отказывается верить науке, лишь бы не платить

ВИДЕОГУЗОРИШ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГИМНАЗИЯИ №4 ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ВИДЕОГУЗОРИШ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГИМНАЗИЯИ №4 ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мулокот бо хифзи хукук

Мулокот бо хифзи хукук

МАРГИ ПУРАСРОРИ ЯК СОКИНИ АШТ ДАР ШУЪБАИ МИЛИТСИЯИ ИН ЕОҲИЯ

МАРГИ ПУРАСРОРИ ЯК СОКИНИ АШТ ДАР ШУЪБАИ МИЛИТСИЯИ ИН ЕОҲИЯ

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Ташрифи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон

Ташрифи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон

ОДЕССА. НАПАДАЮТ ПРЯМО НА УЛИЦАХ! ОПАСНО ХОДИТЬ...

ОДЕССА. НАПАДАЮТ ПРЯМО НА УЛИЦАХ! ОПАСНО ХОДИТЬ...

Институт Конфуция при ТНУ и гимназия «Кафолат» отметили День матери

Институт Конфуция при ТНУ и гимназия «Кафолат» отметили День матери

открыт лицей Умара Хайяма

открыт лицей Умара Хайяма

© 2025 ycliper. Все права защищены.



  • Контакты
  • О нас
  • Политика конфиденциальности



Контакты для правообладателей: [email protected]