“НОМАРД, НОМАРДИАТРО КАРДӢ...” СОЛГАРДИ СИЮМИ ҚАТЛИ САНГАК САФАРОВ ВА ФАЙЗАЛӢ САИДОВ
Автор: Bomdod TV
Загружено: 2023-04-01
Просмотров: 77286
Описание:
“Файзалӣ дар роҳча ба пушт хобида буд. Се қадам аз ӯ дуртар Сангак камарашро дошта, нолиш мекард. Ҳарду ҳанӯз зинда буданд. Сангак бо як даст захмашро медошт ва бо дасти дигараш кӯшиш дошт, то худро аз тир дифоъ кунад. "Истед, истед!” – мегуфт зери лаб Сангак. Дақиқае баъд ӯ ҷон дод. Охирин суханони Файзалӣ лабрези нафрату адоват буданд: "Номард, номардиатро кардӣ...”
Аз қатли ду раҳбари Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов 30 сол гузашт. Файзалӣ Саидов - яке аз бераҳмтарин фармондеҳони Фронти халқӣро роҳбари Фронти халқӣ Сангак Сафаров писархонди худ меномид, вале баъди пирӯзӣ муносибатҳои падару писархонд чунон бад шуданд, ки шаби 30 марти соли 1993 баъди як муноқишаи мусаллаҳона дар хонаи Файзалӣ ҳарду кушта шуданд...
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: