Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Автор: ТОҶИКИСТОН TAJIKISTAN
Загружено: 2026-03-10
Просмотров: 2676
Описание:
10 март аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба имзо расиданд.
Таъсиси ин муассисаҳои таълимиро, ҳамчунин нишонаи пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25-уми июли соли 2025, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд, номидан мункин аст.
Маҳз ҳамин ташаббускорӣ ва пешсафиҳост, ки Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуданд. Эълон гардидани шаҳри Душанбе – пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси кишвари азизамон дар ин соҳа мебошад.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ҚарориҲукумат #ПостановлениеПравительства #Resolutions
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: