Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Вахш
Автор: НАВИДИ ВАХШ
Загружено: 2026-03-03
Просмотров: 1165
Описание:
#Ҷаласаи_Шӯрои_ҷамъиятӣ_дар_ноҳияи_Вахш
Дар ноҳияи Вахш ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулину аъзои Шуро, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Мутобиқи рӯзнома, ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳот ва ҷоннок намудани фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии баъзе шаҳру ноҳияҳои минтақа мавриди баррасӣ ва ҷалби фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мавриди муҳокима қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии вазъи иқтисодию сиёсии ҷаҳон ва афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Иштирокчиёни ҷаласа таъкид намуданд, ки истифодаи мақсадноки заминҳои корам ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Бо истифодаи оқилонаи иқтидори аграрӣ дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ имкони гирифтани то се-чор ҳосил дар як сол фароҳам буда, махсусан истеҳсоли сабзавоту полезӣ ва маҳсулоти боғдорӣ сол ба сол афзоиш меёбад.
Ин раванд на танҳо бозори дохилиро бо маҳсулоти тару тоза таъмин мекунад, балки заминаи мусоид барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзиро низ фароҳам месозад.
Қайд карда шуд, ки Ҳукумати кишвар дар доираи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2026–2030 ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2025–2029, ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди истеҳсолоти рақобатпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ин тадбирҳо ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол, беҳтар гардидани занҷираи таъминот ва тавсеаи содирот равона шудаанд.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён таъкид намуданд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ мустақиман ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ, паст гардидани сатҳи бекорӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Бо ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳот ва ҷалби аҳолӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ имконият фароҳам меояд, ки сатҳи даромади сокинон афзоиш ёфта, таъминоти озуқавории кишвар боз ҳам устувортар гардад.
Дар идома таъкид гардид, ки фаъолияти фаъоли шуроҳои ҷамъиятӣ ҳамчун пули муколама миёни давлат ва ҷомеа метавонад дар татбиқи сиёсати аграрӣ, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани маърифати кишоварзӣ ва рушди устувори деҳот нақши муассир гузорад.
Зеро маҳз тавассути ҳамкории давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истеҳсолкунандагон метавон ба ҳадафи стратегии кишвар, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини амнияти озуқавории миллӣ ноил гардид.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: