БА МУФАТТИШОНИ ТОҶИК ИҶОЗАТИ БОЗПУРСӢ АЗ ТАРИҚИ ИНТЕРНЕТ ДОДА ШУД
Автор: Bomdod TV
Загружено: 2022-07-24
Просмотров: 33570
Описание:
Муффатишони тоҷик ҳаққи аз тариқи Интернет бозпурсӣ кардани ҷабрдидагон ва шоҳидонеро, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, ба даст оварданд.
Чунин тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 11-уми Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони ин кишвар, ки рӯзи 15 июли соли 2022 доир шуд, қабул шудааст.
Ҷараёни ин иҷлосияро ба сурати стенография (суратҷаласа) ахиран “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон нашр кард.
Бино ба ин манбаъ, бастаи тағйирот ба як силсила қонунҳо, аз ҷумла ба Кодекси мурофиаи ҷиноятиро дар иҷлосия раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, декани риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Дилшод Раҳмон муаррифӣ кардааст.
Дилшод Раҳмон дар бобати қонунӣ кардани имкони бозпурсии онлайн гуфтааст: “Ба моддаи 197 қисми 2 илова гардида, тибқи он, дар ҳолати берун аз ҷумҳурӣ будани шоҳид ё ҷабрдида пурсиш мумкин аст ба таври фосилавӣ бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва почтаи электронӣ ба роҳ монда шуда, муфаттиш метавонад пурсиши фосилавиро бо иштироки шахсони холис гузаронад”.
Дар ин маврид, ки оё ин тағйирот ба муфаттишон аз тариқи Интернет анҷом додани бозпурсии гумонбаршавандагонро ҳам иҷозат медиҳад ё на?, чизе нагуфтааст.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахиран гуфт, дар ҳоли ҳозир беш аз 3 ҳазор нафар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудаанд.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: