ycliper

Популярное

Музыка Кино и Анимация Автомобили Животные Спорт Путешествия Игры Юмор

Интересные видео

2025 Сериалы Трейлеры Новости Как сделать Видеоуроки Diy своими руками

Топ запросов

смотреть а4 schoolboy runaway турецкий сериал смотреть мультфильмы эдисон
Скачать

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ

Автор: Ахбори Тоҷикистон

Загружено: 2019-05-11

Просмотров: 75239

Описание: ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★ WhatsApp: https://bit.ly/2K9HghP
★ Telegram: https://bit.ly/2vheVeX
★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ мулоқот намуданд
-----------------------------------------------------------------------------------------------

10 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд.

Дар мулоқот аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти кишвар, намояндагони раёсат ва сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати мамлакат, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва коргарони масъули баъзе вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ карданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мақсади мулоқоти имрӯза бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад.

Баъди таҳлилу баррасии вазъи соҳаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат кардан ба рушди босуботи кишвар, ислоҳи камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, оид ба таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, дар назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Юсуф, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон, Раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Чиллазода Қарахон, вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин, роҳбарони бонкҳои саҳҳомии кишвар ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов гузориш доданд.

Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ ошкор кардани қонунвайронкуниҳо, ҷиноятҳои молиявии вобаста истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои характери коррупсионӣ дар мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкдорӣ, маълумот дода шуд.

Зимни гузориши вазири молия, раиси Кумитаи андоз, сардори Хадамоти гумрук ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, масъалаҳои иҷрои босифати нақшаи даромад ва хароҷоти буҷет, иҷрои барномаҳои давлатӣ, зарурати ҷорӣ кардани технологияи рақамӣ дар коргузорӣ, соддагардонии андоз, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти таъин ва пардохти нафақа, баррасӣ карда шуд.

Раисони Бонки миллӣ, “Амонатбонк” ва бонкҳои саҳҳомии кишвар ба Сарвари давлат оид ба низоми бонкдорӣ, қурби пули миллӣ, беҳдошти сатҳи хизматрасонии бонкӣ, амонатгузорӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, гузориш доданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи роҳбарону коргарони мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳои кишвар, барои бар нафъи давлату миллат бо садоқат фаъолият карданд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★ WhatsApp: https://bit.ly/2K9HghP
★ Telegram: https://bit.ly/2vheVeX
★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m

Не удается загрузить Youtube-плеер. Проверьте блокировку Youtube в вашей сети.
Повторяем попытку...
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ

Поделиться в:

Доступные форматы для скачивания:

Скачать видео

  • Информация по загрузке:

Скачать аудио

Похожие видео

⚡️Путин СРОЧНО ОБРАТИЛСЯ к россиянам КАСАЕМО “СВО”! В Кремле ДАЛИ ПРИКАЗ по ЗАВЕРШЕНИЮ войны. Лучшее

⚡️Путин СРОЧНО ОБРАТИЛСЯ к россиянам КАСАЕМО “СВО”! В Кремле ДАЛИ ПРИКАЗ по ЗАВЕРШЕНИЮ войны. Лучшее

ЦРУ: Резиденцию Путина не атаковали. Буданов возглавит Офис президента Украины. Протесты в Иране

ЦРУ: Резиденцию Путина не атаковали. Буданов возглавит Офис президента Украины. Протесты в Иране

⚡️НОВОСТИ | АТАКА НА МОСКВУ | ПОЖАР НА КУРОРТЕ. 40 ПОГИБШИХ| УДАР ПО КАФЕ В НОВЫЙ ГОД. ДЕСЯТКИ ЖЕРТВ

⚡️НОВОСТИ | АТАКА НА МОСКВУ | ПОЖАР НА КУРОРТЕ. 40 ПОГИБШИХ| УДАР ПО КАФЕ В НОВЫЙ ГОД. ДЕСЯТКИ ЖЕРТВ

⚡️СРОЧНО! Буданов ОШАРАШИЛ Кремль РЕШЕНИЕМ. Трамп РАСКРЫЛ

⚡️СРОЧНО! Буданов ОШАРАШИЛ Кремль РЕШЕНИЕМ. Трамп РАСКРЫЛ "ПОКУШЕНИЕ" на Путина. УЖАС в Харькове

Холодецкая удаль | Уральские пельмени 2026

Холодецкая удаль | Уральские пельмени 2026

💥 Операция с командиром РДК – УДАР по имиджу Кремля и спецслужб РФ

💥 Операция с командиром РДК – УДАР по имиджу Кремля и спецслужб РФ

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Мамлакати Арабистони Саудӣ

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ

АНШЛАГ и Компания | НОВЫЙ ВЫПУСК эфир 28.12.2025 | Юмористический концерт || Включаем

АНШЛАГ и Компания | НОВЫЙ ВЫПУСК эфир 28.12.2025 | Юмористический концерт || Включаем

Барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» / концерт в таджикистане | 2023

Барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» / концерт в таджикистане | 2023

😮Путин в ОТЧАЯНИИ из-за ПОЛНОГО ПРОВАЛА! На РФ ТОТАЛЬНАЯ КАТАСТРОФА из-за

😮Путин в ОТЧАЯНИИ из-за ПОЛНОГО ПРОВАЛА! На РФ ТОТАЛЬНАЯ КАТАСТРОФА из-за "СВО". ГОРДОН, ЦИМБАЛЮК

РУССКИЙ ХИЩНИК 2026, БОЕВИК БОМБА!!! -  ЯКУТСКИЙ СТРЕЛОК-  РУССКИЙ БОЕВИК НОВИНКА 2026

РУССКИЙ ХИЩНИК 2026, БОЕВИК БОМБА!!! - ЯКУТСКИЙ СТРЕЛОК- РУССКИЙ БОЕВИК НОВИНКА 2026

Анекдоты от Юрия Никулина

Анекдоты от Юрия Никулина

МАЙОР С ТЯЖЁЛЫМ ПРОШЛЫМ ПОПАДАЕТ НА ЗОНУ | КРУТОЙ ФИЛЬМ, НАСТОЯЩИЙ МУЖСКОЙ БОЕВИК

МАЙОР С ТЯЖЁЛЫМ ПРОШЛЫМ ПОПАДАЕТ НА ЗОНУ | КРУТОЙ ФИЛЬМ, НАСТОЯЩИЙ МУЖСКОЙ БОЕВИК

⚡Путин собрал всех в КРЕМЛЕ! СРОЧНЫЙ ПРИКАЗ по ДОНБАССУ. После встречи ЗЕЛЕНСКОГО и ТРАМПА ошарашил

⚡Путин собрал всех в КРЕМЛЕ! СРОЧНЫЙ ПРИКАЗ по ДОНБАССУ. После встречи ЗЕЛЕНСКОГО и ТРАМПА ошарашил

Pożar w Szwajcarii. Zakazany pokaz zakończony katastrofą

Pożar w Szwajcarii. Zakazany pokaz zakończony katastrofą

Уцелевшая / Survivor / боевик, триллер, криминал _Action Movies

Уцелевшая / Survivor / боевик, триллер, криминал _Action Movies

ОН ПЫТАЛСЯ СЛУЖИТЬ ЧЕСТНО, НО НАТКНУЛСЯ НА МЕНТОВСКОЙ БЕСПРЕДЕЛ | НАСТОЯЩИЙ МУЖСКОЙ БОЕВИК

ОН ПЫТАЛСЯ СЛУЖИТЬ ЧЕСТНО, НО НАТКНУЛСЯ НА МЕНТОВСКОЙ БЕСПРЕДЕЛ | НАСТОЯЩИЙ МУЖСКОЙ БОЕВИК

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон

Уральские Пельмени | [НОВЫЙ 2025] Хельга | Комедийная группа №1 в России

Уральские Пельмени | [НОВЫЙ 2025] Хельга | Комедийная группа №1 в России

В МОСКВЕ ОБНАРУЖИЛИ ВСПУШКУ НОВОЙ ЗАРАЗЫ!? МИГРАНТЫ ИЗ ИНДИИ? ЧТО ГОВОРЯТ ЛЮДИ?

В МОСКВЕ ОБНАРУЖИЛИ ВСПУШКУ НОВОЙ ЗАРАЗЫ!? МИГРАНТЫ ИЗ ИНДИИ? ЧТО ГОВОРЯТ ЛЮДИ?

© 2025 ycliper. Все права защищены.



  • Контакты
  • О нас
  • Политика конфиденциальности



Контакты для правообладателей: [email protected]