ҶОИЗАИ "ҚАНДИ ПОРСӢ" БА БОНУИ ҲУНАР НИГИНА АМОНҚУЛЛОВА МУБОРАК БОШАД!
Автор: СаМиМоНа-📺
Загружено: 2026-02-19
Просмотров: 77
Описание:
"НАВОСАНҶ" №2 (1). БА ИФТИХОРИ БО ҶОИЗАИ "ҚАНДИ ПОРСӢ" САРФАРАРОЗ ГАШТАНИ БОНУИ ҲУНАРИ ТОҶИК НИГИНА АМОНҚУЛЛОВА
Нигина Амонқулловаи мо мавлонохонӣ карду ҳавои шаҳри Порис нурборон шуд. Фаронса, ки қароргоҳи Юнеско он ҷост, ба ин қашангию дилрабоӣ ва бо чунин овои фораму дилнишину дилпизири занонаи тоҷикӣ замзамаеро ёд надошт. Миёни мардони овозхони тоҷик дар Фарангистон чунин замзамаи осмонкафро зиндаёд Давлатманди Хол карда буд, ки тамошобини оддӣ чӣ, балки роҳбарони воломақоми ин мамлакатро ба ваҷд овард ва аз ин ваҷд, ба ин марди ҳунар ҷоизаву унвоне ҳам тақдим карда буданд. Бо шунидани бахше аз замзамаи устоди ҳунар Давлатманди Хол, ки дар Фарангистон кардааст, бармегардем сари тавсифи мавлонохонии Нигина Амонқуллова. Ин барномаи ҳунариро, ки дар меҳвараш гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддин Балхии мо форсизабонон буд, навосози моҳир Ораши Фулодванд раҳбарӣ мекард. Бонуовозхонони дигар ҳам дар паҳлӯи Нигина буданд, аммо Нигина Амонқуллова бо қудрати садояш комилан тафоввут дошт. Мутмаинам, ҳамин барнома сабаб шуду инак дар соли 2026 ҷоизаи вежаи «Қанди порсӣ»-ро ба ӯ лоиқ донистанд. Ҷоизае, ки ба ҳар кас не, балки ба мубалиғони асили забони порсӣ медиҳанд. Мавлонохонии Нигина низ лоиқи ин ҷоиза буд, ки ҳақ ба ҳақдор расид. Хулоса, ин ҳунарнамоии олӣ сабаб гардид, ки чанд бонуи овозхони тоҷики дигар низ ҳаваси дар чунин як ҳавову фазо овозхониро карданд. Яке аз онҳо Меҳринигори Рустам буд, ки ҳунарнамоии ӯ низ ҳарф надошт. Оливу дилнишин буд. Дарёфтем, ки садои Меҳринигор зарфиятҳои аз он чӣ мешунидем, бештареро дорад.
Бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозиро дар Юнеско замзамаҳои сарояндагони тоҷик, аз ҷумла бонувозхони мумтоз Ситораи Кароматулло шаҳомати дигаре бахшида буд. Боз ҳам мутрибони зиёде сари аркестр нишаста буданду дар ҳавои садои Ситораи Кароматулло соз мезаданд. Ситора ғазалҳои дилнавози Хоҷаи Шерозро месуруду дӯстдорони ғазалҳои ин шоири ринд бештар ошиқи Ҳофиз мешуданд. Орзу мекунем, ки Ситора дигар ҳарчӣ мехонад, чунин пурмазмун сарояд. Кош ҳама овозхонони мо дарк намоянд, ки бо замзамаи ашъори пурмазмун ҳам мешавад дилу тану ҷони мардумро ба рақс овард.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: