НОМИ БОЗ 5 МУТТАҲАМИ ДИГАР ДАР ҲАМЛАИ “КРОКУС” ЭЪЛОН ШУД. ҲАМААШ АЗ ТОҶИКИСТОНАНД
Автор: Bomdod TV
Загружено: 2024-08-29
Просмотров: 3181
Описание:
Номи боз 5 нафари муттаҳам дар парвандаи пурсарусадои ҳамлаи террористӣ дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, пойтахти Русия эълон шуд. Телеграм-канали расмии хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои шаҳри Маскав хабар дод, ки рӯзи 29 августи соли 2024 додгоҳи ноҳияи Басманнийи пойтахти Русия замони ҳабси 5 муттаҳами дигар дар ҳамлаи “Крокус”-ро тамдид кард. Инҳо:
✅Гадоев Шаҳромҷон Насимович;
✅Исмоилов Зубайдулло Авайдуллоевич;
✅Солиев Мустақим Абдуманонович;
✅Солиев Умедҷон Абдуманонович;
✅Ҳамидов Ҳусейн Абдурасулович мебошанд.
Муҳлати ҳабси ҳар кадоми онҳо то 3 моҳи дигар, дақиқан то 1 декабри соли 2024 тамдид карда шуд. Ин 5 зодаи Тоҷикистон аз миёнаи моҳи май дар боздошт қарор доштаанд.
Дар бораи шахсияти онҳо маълумоти зиёде дар даст нест. Ин ҳам рӯшан нест, ки онҳо мушаххасан дар ҳамлаи “Крокус” чӣ нақш доштаанд? Аз ному насаби дуи онҳо – Солиев Мустақим ва Солиев Умедҷон – бармеояд, ки ҳарду акаву додаранд. Умедҷон Солиев, соли таваллудаш 1998, зодаи шаҳри Душанбе аз моҳи марти соли 2024 аз сӯи ВКД Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифта будааст. Дар бораи бародари ӯ Мустақим ва кай боздошт шудани ҳарду ягон маълумот нест.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: