НАФАҚАҲОИ МАЪЮБОНРО ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ 20 ТО 50% БОЛО МЕБАРАНД
Автор: Bomdod TV
Загружено: 2021-05-28
Просмотров: 785
Описание:
Нафақаҳои маъюбонро дар Тоҷикистон аз 1 сентябр ба андозаи аз 20 то 50 дарсад боло мебаранд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 май фармони №186 “Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад”-ро имзо кард.
Бар асоси ин фармон, “бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии маъюбон“ аз 1 сентябри соли 2021 нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шуда, нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), низ ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида боло бурда шаванд;
Вале нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I, ки ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), аз 1 сентябр ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешавад.
Ба ҳукумати Тоҷикистон амр шудааст, ки дар муддати як моҳ санадҳои худро ба фармони мазкур мувофиқ гардонда, иҷрои ин фармонро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбинишуда таъмин намояд.
Бино ба омори расмӣ, то 1 январи соли 2020 дар Тоҷикистон 149 ҳазору 704 маъюб расман сабти ном шуда буд. Аз ин шумор 28 ҳазору 562 маъюб ноболиғ будаанд.
Повторяем попытку...
Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: