Суҳбати телефонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
Автор: ТОҶИКИСТОН TAJIKISTAN
Загружено: 2025-10-07
Просмотров: 4766
Описание:
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
07.10.2025
7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Русия муҳтарам Владимир Путинро ба муносибати Зодрӯзашон сидқан табрик намуда, таманниёти беҳтарину самимии худро иброз доштанд.
Дар идомаи суҳбат Сарвари давлати мо саҳми шоёни назари муҳтарам Владимир Путинро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид карданд.
Сарони ду кишвар дар ҷараёни суҳбати дӯстона аз идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи ин раванд истиқбол намуданд.
Ҳамзамон, рӯзномаи мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи дарпешистодаи сатҳи олӣ, ки дар Душанбе доир мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #СуҳбатиТелефонӣ #ТелефонныйРазговор #PhoneTalks #Русия #Россия #Russia
Повторяем попытку...

Доступные форматы для скачивания:
Скачать видео
-
Информация по загрузке: