ycliper

Популярное

Музыка Кино и Анимация Автомобили Животные Спорт Путешествия Игры Юмор

Интересные видео

2025 Сериалы Трейлеры Новости Как сделать Видеоуроки Diy своими руками

Топ запросов

смотреть а4 schoolboy runaway турецкий сериал смотреть мультфильмы эдисон
Скачать

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен

Автор: Ахбори Тоҷикистон

Загружено: 2019-04-01

Просмотров: 7800

Описание: Дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти фарҳангӣ дорои шароити замонавӣ барои фаъолият буда, дар доираи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг бо мақсади ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии аҳолӣ навсозӣ шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен моҳи майи соли 2017 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудаанд. Даромадгоҳ, толор ва утоқҳои иншоот бо назардошти таъриху фарҳанги ғании қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик кандакориву наққошӣ карда шудаанд.

Бинои Қасри фарҳанг дорои ҳуҷраҳои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои раққосӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ, китобхона, толори хониш ва бозии шашкаву шоҳмот мебошад.

Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои зиёда аз 500 нафар пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ Қасри фарҳанг аз 2 ошёна иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда таваҷҷуҳи аҳли фарҳангро барои таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии мардум ҷалб намуданд.

Дар ҳамин ҷо ба 50 нафар ятимон чун анъанаи неки Наврӯзи Аҷам туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои баҳорӣ фараҳмандии наврасони бо амри тақдир ятиммондаро афзун намуд.

Дар толори барҳавои ин иншооти замонавӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи нави ҳунарӣ муаррифӣ карда шуд.

Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен 40 номгӯи асбобҳои мусиқӣ тақдим гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ ифтитоҳи бинои Қасри фарҳангро дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуда, ҳунармандонро бо истифода аз имкони мавҷуда барои таҳияву пешниҳоди намоишҳои нав ва қонеъсозии талаботи маънавии мардум даъват намуданд.

Ҳамасола дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳои нави фарҳангӣ бунёду навсозӣ ва барои фаъолияти кормандони соҳаи маънавиёт шароити муосир фароҳам оварда мешавад. Дар ин баробар аҳли фарҳангро зарур аст, ки бо истифода аз чунин имкони муҳайёшуда таҳияву пешниҳоди барномаҳои нави ҳунариро бештар намоянд.

Фаввораҳо, гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишии шинонидашуда, майдончаи варзишӣ, ҷой барои фароғати кӯдакон ва парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи иншооти фарҳангиро дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба як макони зебову диданӣ табдил додааст.

АМИТ «Ховар»

ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★Telegram: https://bit.ly/2vheVeX
★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m

Не удается загрузить Youtube-плеер. Проверьте блокировку Youtube в вашей сети.
Повторяем попытку...
Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен

Поделиться в:

Доступные форматы для скачивания:

Скачать видео

  • Информация по загрузке:

Скачать аудио

Похожие видео

ВЫШЛА ЗАМУЖ НАЗЛО ОТЦУ! КЕМ ЖЕ ОКАЗАЛСЯ ЕЕ СКРОМНЫЙ ИЗБРАННИК? ИГРА НАЧАЛАСЬ💥 Рябиновые бусы

ВЫШЛА ЗАМУЖ НАЗЛО ОТЦУ! КЕМ ЖЕ ОКАЗАЛСЯ ЕЕ СКРОМНЫЙ ИЗБРАННИК? ИГРА НАЧАЛАСЬ💥 Рябиновые бусы

Пахши мустақим #190

Пахши мустақим #190

Гр. БАХТ ИСТАРАВШАН СУРУД ИШКИ МАН

Гр. БАХТ ИСТАРАВШАН СУРУД ИШКИ МАН

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

Қаллоби чиптафурӯшро дастгир карданд

Қаллоби чиптафурӯшро дастгир карданд

😮КРУТИХИН расставил ВСЁ ПО ПОЛОЧКАМ! АТАКА ИРАНА всё меняет. Что будет ДАЛЬШЕ @i_gryanul_grem

😮КРУТИХИН расставил ВСЁ ПО ПОЛОЧКАМ! АТАКА ИРАНА всё меняет. Что будет ДАЛЬШЕ @i_gryanul_grem

Дӯкони телефонфурӯширо дар Спитамен ғорат карданд

Дӯкони телефонфурӯширо дар Спитамен ғорат карданд

НЕВЕСТА СКАЗАЛА «НЕТ» НА НИКЯХЕ — ЧЕРЕЗ ЧАС ОНА ИСЧЕЗЛА | Драма в Кыргызстане

НЕВЕСТА СКАЗАЛА «НЕТ» НА НИКЯХЕ — ЧЕРЕЗ ЧАС ОНА ИСЧЕЗЛА | Драма в Кыргызстане

Жириновский: остатки Ирана и Турции войдут в состав России! Воскресный вечер с Соловьевым. 13.05.18

Жириновский: остатки Ирана и Турции войдут в состав России! Воскресный вечер с Соловьевым. 13.05.18

Школа №12 в селение Турсуна Улджабоева района Спитамен.

Школа №12 в селение Турсуна Улджабоева района Спитамен.

Эскалация на Ближнем Востоке: началась военная операция | НОМАД ТВ

Эскалация на Ближнем Востоке: началась военная операция | НОМАД ТВ

Дар Спитамен дузди моҳир ба даст афтод

Дар Спитамен дузди моҳир ба даст афтод

Иранский разлом: Зачем США нужен Тегеран и почему Израиль идет ва-банк - Аналитический обзор

Иранский разлом: Зачем США нужен Тегеран и почему Израиль идет ва-банк - Аналитический обзор

Корхонаи истеҳсоли равған дар ноҳияи Спитамен / ахбори точикистон имруз

Корхонаи истеҳсоли равған дар ноҳияи Спитамен / ахбори точикистон имруз

Раиси Спитамен: Пеш аз хама мардум! 5.11.2022

Раиси Спитамен: Пеш аз хама мардум! 5.11.2022

Раиси Мастчоҳ: 18 ҳазор дар навбати  замин!

Раиси Мастчоҳ: 18 ҳазор дар навбати замин!

В районе Спитамен Президент сдал в эксплуатацию объекты различного назачения.

В районе Спитамен Президент сдал в эксплуатацию объекты различного назачения.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Мамлакати Арабистони Саудӣ

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ

Гр БАХТ ИСТАРАВШАН 'БАХТ

Гр БАХТ ИСТАРАВШАН 'БАХТ"

#твгулакандоз  « Қодиржон Мирашуров » #gtv

#твгулакандоз « Қодиржон Мирашуров » #gtv

© 2025 ycliper. Все права защищены.



  • Контакты
  • О нас
  • Политика конфиденциальности



Контакты для правообладателей: [email protected]